ШАҲДУ НӮШ. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» муайян гардиданд

Декабрь 21, 2019 14:03

ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тарабхонаи Истаравшани шаҳри Душанбе   даври ҷумҳуриявии озмуни «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи 1 насиби шаҳри Душанбе гардид. Ҷойи дуюмро ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода соҳиб гардиданд. Ҷойи сеюм ба шаҳри Ҳисор, вилоятҳои Хатлону Суғд сазовор донита шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар  даври ҷамъбастии озмуни мазкур  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, муовини аввали Вазири фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор,  инчунин иштирокчиён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат аз чорабинии  мазкур гузориш  медиҳад,  дар озмун  анвои гуногуни  шириниҳои миллӣ ва муосир, аз ҷумла кулчақандҳои рангоранг  ба намоиш гузошта  шуданд, ки яке аз дигаре  болаззаттар менамуду  иштиҳо  меовард. Ва беихтиёр ин мисраҳои Абулқосим Фирдавсӣ ба ёд мерасиданд:

Ҳамепарварандат ба шаҳду ба нӯш,

Ҷуз овози нармат наёяд ба гӯш…

Дар озмун пазандагони моҳир ба аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун  доир ба тарзи пухтан,  мувофиқати маҳсулоти дар ширинӣ истифодашаванда, нигоҳдорӣ  ва ороиши он маълумот   дода,  маслиҳат доданд, ки зимни пухтани кулчақандҳо ва дигар анвои ширинӣ  истифодаи меваҳои тару тозаи сарзамини мо муфид аст.

Ҳамчунин  дар озмун иттилоъ дода шуд, ки кадом навъи шириниро бояд дар кадом вақт — ҳангоми наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ   ва шом, инчунин ҳангоми маъракаву ҷамъомадҳои  хурсандӣ бояд пешниҳод намуд.

Зимни ифтитоҳи ҷамъомад мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, намоиши пухтани навъҳои он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни  ин анво, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтанашон  иборат мебошад».

Тавре сармутахассиси шуъбаи савдо ва хӯроки миллии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Гулдаста Бобомуродзода  изҳор намуд,  озмун дар се давра —  аввал дар  сатҳи маҳалла, деҳа ва ҷамоатҳо, давраи дуюм  – дар байни  ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ва давраи ниҳоии он  дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ин озмун эҳё намудани шириниҳои миллии тоҷикӣ ва ворид намудани нақшу нигори миллӣ зимни  ороишоти он мебошад.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд 25 октябри соли 2018 таъкид намуданд, «то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳҳои нонпазию қаннодӣ ва таъсиси нуқтаҳои фурӯши он васеъ ба роҳ монда шуда, ба кадбонуҳо ва мардони ҳунарманд, ки завқи баланди нонпазӣ ва омода намудани шириниҳоро доранд, шароити хуби фаъолият фароҳам оварда шавад».

Дар фарҷом аз ҷониби аъзои ҳакамон  ба  ғолибони озмун Диплом ва туҳфаи молӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Бахусус дар бахши омодасозии шириниҳо бонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи онҳо  тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Таърихи омодасозии шириниҳои миллии мардуми тоҷик қадима  буда,  он бо мурури замон  ташаккул меёбад.

Анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ  бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназиранд.

Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ, мевагӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги  меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.

Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишалло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки  озмуни зикршуда  бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018   роҳандозӣ гардида,  дар он ғолибони даври дуюм  аз тамоми минтақаҳои мамлакат  иштирок намуданд. Озмуни мазкур бо ташабуси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» сурат гирифт.

Декабрь 21, 2019 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода