Соҳибкор маросими хатнасури 200 нафар кӯдаки ятим ва камбизоатро барпо кард

Декабрь 31, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи Соли нави 2020  аз ҷониби як нафар соҳибкори ватанӣ хотири беш аз 200 нафар кӯдаки шаҳри Роғун  болида гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки ин соҳибкор бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, ба ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов,  ин иқдоми хайр аз ҷониби соҳибкор ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардид. Дар ин замина аз ҷониби раиси шаҳр дар ҷаласаи корӣ ба масъулини маркази саломатии шаҳр супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатнаи кӯдакону наврасонро ба анҷом расонанд.  

Хайру эҳсон яке аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бузургон ва шахсони дуруандеш пайваста аз накӯиву накӯкорӣ ва хайру эҳсон нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ сухан ронда, ин хислати инсонӣ ва суннати неки ҷавонмардиро дар осори худ васф кардаанд.

 

Декабрь 31, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таъмири асосии бинои Беморхонаи вилоятии ба номи Абдулмаҷид Ҳақназаров дар шаҳри Кӯлоб идома дорад
САЛОМ, ТОБИСТОН! Корҳои омодагӣ барои ташкили истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон дар соли 2023 оғоз гардиданд
1 АПРЕЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРАНДАГОН. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид
Дар Восеъ оид ба усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷаласа доир шуд
Тоҷикистонро дар моҳи дуюми фасли баҳор чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Бадахшон барои омодагӣ ба маъракаи кишти баҳорӣ ба масъулин супориш дода шуд
«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхиси ройгон фаро гирифта мешаванд
Дар Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ҳамкории фарогир байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД». Дар Душанбе ҷилдҳои 4 ва 5-и китоб муаррифӣ гардид
ХУШХАБАР! Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистонро давлати аз вараҷа озод эътироф кард
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ҳамоиш доир намуд