Соҳибкор Шерзод Давлатов ба хонандагони Хонаи бачагони шаҳри Роғун либосҳои зимистона ва пойафзол тақдим намуд
РОҒУН, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо дастгирии соҳибкор ва шахси саховатпеша Шерзод Давлатов ба таълимгирандагони Хонаи бачагони шаҳри Роғун 31 адад либосҳои зимистона ва пойафзол ба маблағи умумии 10 000 сомонӣ тақдим гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Хонаи бачагони шаҳри Роғун айни замон 31 нафар ятимону бепарасторон аз шаҳрҳои Роғун, Норак, Ҳисор ва ноҳияи Файзобод таълим мегиранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки ба ин табақаи аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдомҳои наҷибона дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста роҳандозӣ мегарданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






