Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ коҳиш ёфтани сигоркаширо дар соли 2020 пешгӯӣ мекунад

Декабрь 21, 2019 09:16

ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон мубориза бар зидди тамоку  самараи хуб дод:  шумораи мардҳои тамокукаш на танҳо дигар афзоиш наёфт,  балки теъдоди онҳо  соли 2020 то 2 миллион коҳиш меёбад. Чунин хулоса намудааст  Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар гузориши   интишорёфта рӯзи панҷшанбе дар Женева,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти  СММ. 

«Тарафи  мусбии масъала он аст, ки  шумораи истеъмолкунандагони тамоку  дигар афзоиш  намеёбад  ва мувофиқи ин пешгӯӣ  соли 2020 дар байни мардон дар қиёс бо соли 2018  2 миллион нафар (то 1 миллиарду 91 миллион) ва то соли 2025 то 5 миллион нафар кам хоҳад шуд (то 1 миллиарду 87 миллион),-  шарҳ медиҳад  ТУТ ва таъкид менамояд, ки ин раванд «тағйироти ҷиддӣ»-е  барои гирифторони тамоку аст. Ба қавли  ин ташкилот,  рақамҳои болозикр  шаҳодати онанд, ки чигуна иқдоми пешгирифтаи  давлат метавонад ҷомеаро  аз тамоку ҳифз намояд, одамонро  аз зиёни он  раҳо бахшида,   наҷот диҳад ва  зарари тамокуро ба ҳаёти инсонҳо пешгирӣ намояд».

«Тӯли солҳои зиёд мо афзоиши доимии  шумораи мардонеро, ки маҳсулоти марговари  тамокуро истеъмол мекарданд, мушоҳида менамудем. Ҳоло бошад, бо шарофати андешидани тадбирҳои қатъӣ    аз тарафи ҳукумат дар соҳаи маҳсулоти тамокубарорӣ  мо коҳиш ёфтани истифодаи онро  мушоҳида мекунем»,- баён дошт  дар  ин робита директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейесус  дар дар маросими муаррифии гузориш. Ба қавли ӯ,   сухан дар бораи «як лаҳзаи гардиш» дар мубориза бо ин одатҳои бад меравад. Ташкилоти  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  «бо мақсади  дастгирии ин раванд ҳамкориро  бо кишварҳо густариш медиҳад», —  таъкид намуд директори генералӣ.

Тибқи гузориши мазкур,  соли 2018 дар ҷаҳон  миёни  мардону  занон 1 миллиарду 337 миллион истеъмолкунандагони  тамоку  вуҷуд доштанд, ки ин назар ба соли 2000 60 миллион камтар аст. Сабаби якбора паст гаштани вобастагӣ аз одатҳои бад дар муддати 18 сол  ин бо  шарофати  дар байни занҳо коҳиш ёфтани  тамокукашӣ  мебошад, ки  он аз  346 то 224 миллион нафар расид. Дар ҳоле, ки   дар байни мардон  баръакс   афзоиши он, аз 1 миллиарду 50 миллион то 1 миллиарду 93 миллион  ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи пешгӯиҳои ТУТ, соли 2020 шумораи истеъмолкунандагони тамоку, аз ҷумла мардон ва занон дар ҷаҳон дар қиёс бо соли 2018 10 миллион нафар коҳиш  ёфта, то соли 2025 боз 27 миллиони дигар кам мешавад. Ташкилот ёдрас мешавад, ки аз зарари тамоку ҳамасола 8 миллион одам аз ҳаёт маҳрум мешавад,  аз ҷумла 1, 2 миллион нафари онҳо, ки  тамокукаш нестанд, аммо аз сабаби нафас гирифтан аз  дуди он   саломатии худро аз даст медиҳанд .

Декабрь 21, 2019 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд