Тибқи баҳогузории «The Economist» Ӯзбекистон мамлакати сол эълон гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи бритониёии «The Economist» Ӯзбекистонро мамлакати сол номидааст. Нашрия таъкид намудааст, ки Ӯзбекистонро ҳанӯз барои рушд роҳи тӯлониеро тай намудан зарур меояд, аммо соли 2019 ҳеҷ давлат ин қадар пеш нарафтааст,-хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «The Economist».
Ҳамасола моҳи декабр маҷалла унвони «мамлакати сол»-ро ба давлате медиҳад, ки тӯли сол пешрафт нишон додааст. Соли гузашта Арманистон ғолиби он дониста шуда буд.
Дар мақола омадааст, ки танҳо се сол пеш, Ӯзбекистон як кишвари қадимии пасошӯравӣ буда, ҷомеаи пӯшида дошт.
Бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев тағйироти куллӣ ба амал омад ва пешравиҳо зиёд шуданд. Соли 2018 сардори Хадамоти амният аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Мирзиёев ислоҳотро оғоз кард, ки ба туфайли он то андозае меҳнати маҷбурӣ қатъ гардид. Ба рӯзноманигорони хориҷӣ иҷозати вуруд ба кишвар дода шуд ва халал расонидани мансабдорон ба тиҷорати хурд манъ гардид.
Нашрия хотиррасон шудааст, ки дар Ӯзбекистон пеш аз соли нав интихоботи парламентӣ баргузор мешавад.
«The Economist» инчунин муваффақиятҳои Македонияи Шимолӣ ва Судонро зикр намудааст. Аз ҷумла, дар маҷалла омадааст, ки кишвари аввал номашро моҳи феврали соли равон иваз намуд ва ба ин восита муносибаташ бо ҳамсояи наздиктаринаш — Юнон беҳбудӣ ёфт. Ғайр аз ин, Македонияи Шимолӣ дар садади узвият ба НАТО қарор дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






