ЗИНДАЮ ҶОВИД. Дар Хуҷанд ба поси хотири муаллифи романи «Одамони ҷовид» Раҳим Ҷалил ҳамоиш баргузор мегардад

Декабрь 17, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии  ба номи Рӯдакӣ Раҳим Ҷалил сӣ сол сипарӣ шуд. 18 декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба муносибати 110-солагии яке аз поягузорони насри муосири тоҷик, муаллифи романи «Одамони ҷовид» ва нахустин асари барҷастаи адабиёти мо дар бораи синфи коргари тоҷик — романи сегонаи «Шӯроб» ҷамъомад баргузор мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Романи «Одамони ҷовид», ки чандин бор рӯи чопро дидааст, дар бораи дӯстии халқҳо, душвориҳои бунёди  пояҳои давлатдорӣ, муборизаи тоҷикон бар зидди хурофоту куҳнапарастӣ ва барои ҳаёти нав нақл мекунад.

Нависандаи маъруф Раҳим Ҷалил соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, фаъолияти эҷодиашро соли 1930 оғоз намудааст.

Аз соли 1931 зиёда аз 20 сол чун рӯзноманигор дар идораи рўзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») кор кардааст. Аз соли 1950 то соли 1979 котиби масъули шуъбаи хуҷандии Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон буд.

Фаъолияти эҷодии Раҳим Ҷалил аз аввали солҳои 30 ибтидо гирифтааст. Аввал бо тахаллуси “Даҳрӣ” шеър менавишт.  Шеъри нахустинаш бо номи «Кор мебоист кард» соли 1931 ба табъ расида буд. Соли 1933 маҷмуъаи ашъорашро бо номи «Мавҷҳои музаффарият» интишор дод.

Дар ин солҳо Раҳим Ҷалил дар баробари шеър ба навиштани порчаҳои насрӣ низ машғул мешуд. Ҳикояҳои аввалини ӯ дар мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешуданд. Хусусан мавзӯи кор, меҳри касб ва зиндагии косибон диққати ӯро ҷалб менамуд.

Раҳим Ҷалил чун яке аз поягузорони насри реалистии тоҷик эътироф шудааст. Ҳарчанд ӯ кори эҷодиро аз шеър сар карда, ҳамчун шоир эътироф ҳам шудааст, вале аз солҳои 30 майли Раҳим Чалил ба наср бештар зоҳир шуд.  Аввалин ҳикояаш «Комбинат» (соли 1931) ном дошт, ки он маҳсули робитаи нависанда бо  корхонаи  абрешими Хуҷанд мебошад.

Сипас дар солҳои гуногун  осори ӯ бо номҳои «Шеърҳо ва ҳикояҳо», «Ҳиссае аз қиссаҳо», «Ҳикояҳои давраи ҷанг», «Умри дубора», «Баҳор», «Ҳикояҳо», «Ҳамида», «Шикасти тилисмот»,  «Илҳом», «Духтари мармарин», «Гардиши фалак», «Ҳикояҳо»,  «Одамони ҷовид» ва ғайраҳо дастраси хонандагон гардидаанд.

Асарҳои нависанда барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари мамлакат дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд.

Мавриди зикр аст, ки Раҳим Ҷалил соли 1970 барои офаридани нахустин асари барҷастаи адабиёти навини мо дар бораи ташаккули синфи коргари тоҷик – романи сегонаи «Шӯроб»  ба  гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 1979 ба дарёфти унвони фахрӣ — Нависандаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Раҳим Ҷалил аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи бисти тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ насрнависи муваффақи замонаш буд, повесту романҳояш аз маъруфияти вижа бархӯрдор буданд. Бо забони соддаву диди реалистӣ менавишт. Худро аз шогирдони устод Айнӣ медонист.

Нависанда 10- уми октябри 1989 аз олам даргузашт.

Декабрь 17, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид