16-17 январ дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 январ дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7-13 то 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 то 31-36 рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.
16- 17 январ дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок шуда, боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук шуда, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
16 январ дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, танҳо охири рӯз дар доманакӯҳҳо барфи суст меборад. Санаи 17 январ боришоти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво 16 январ абрнок шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз боридани барф аз эҳтимол дур нест. 17 январ низ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ин рӯзҳо дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дурии биниш дар ағбаҳо то масофаи 300 метрро ташкил медиҳад.








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






