Аҳли илму одаби тоҷик дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин адиби маъруф ёд карданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аҳли илму одаби кишвар дар рӯзи таваллуди Наримон Бақозода аз ин шоир, нависанда, драмнавис ва публисисти маъруфи тоҷик, ки дар рӯзи тавваллудаш соли 2009 дар синни 74-солагӣ аз олам гузаштааст, ёд карданд. Наримон Бақозода адибест, ки дар ташаккули як насли баркамол саҳми муҳим гузоштааст ва махсусан шеърҳои барои кӯдакон эҷокардааш байни мактабхонҳои на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз он низ хеле машҳур буданд.
Наримон Бақозода 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи рӯзномаи «Овози тоҷик» зода шудааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), нашриёти «Ирфон», киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», маҷаллаи «Машъал» ва Кумитаи ҳимояи сулҳи Тоҷикистон кор кардааст.
Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯъаҳои ашъори шоир бо номҳои «Гулдара», «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Шаш ҳикояти пахта», «Дафтари мо кони панҷ», «Алифбои дилкушо», «Иди Алифбо омад» чоп шуданд.
Аз рӯи навиштаҳои шоир ва драмнавис дар театрҳои пойтахти Тоҷикистон чандин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Наримон Бақозода муаллифи нахустин операҳои кӯдаконаи тоҷикӣ («Хонаи заргӯш-бибӣ» ва «Ҷингилапо») мебошад. Муаллифи сенарияи филми «Пули ларзон» аст.
Наримон Бақозода бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.








«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад






