Ҳайдар Одиназода, ректори ДТТ: дар тӯли 20 соли оянда мо бояд мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омода намоем

Январь 28, 2020 12:17

ДУШАНБЕ, 28.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода  дар ҳамовозӣ ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040 изҳори андеша карда, зикр намудааст, ки дар ин муддат «мо бояд чун соҳибкасбони ҷаҳонӣ омода сохтани кадрҳои муҳандисӣ ҳиссагузор бошем».

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора профессор Ҳайдар Одиназода зимни як мақолаи худ, ки таҳти унвони «Омӯзиши илмҳои дақиқ пойдевори рушд аст» 10 январи ҳамин сол  дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, изҳори  ақида кардааст.

Ба андешаи Ҳайдар Одиназода, барои  дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгӯйи бозори меҳнати ҷаҳонӣ тайёр кардани мутахассисони техникӣ донистани илмҳои дақиқ муҳим аст. Омӯзонидани илмҳои дақиқ бояд дар сатҳи зарурӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар шуда, баъдан ин илмҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ  дар шакли касбу ҳунари муайян омӯхта шаванд. Дар ин иртибот, «ин иқдом (эълони Бистсола – тавз. АМИТ «Ховар») барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар таҳаввулоти бузургеро дар пай хоҳад дошт, — менависад Ҳ. Одиназода. – Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тафаккури техники шахсиятро инкишоф дода, завқи онҳоро ба касбҳои муҳандисӣ зиёд мекунад».

Дар тақвияти фикри худ порофессор Одиназода мосолҳои қобили  таваҷҷуҳ оварда, аз ҷумла, чунин менависад: «Саромади фанҳои дақиқ математика буда, барои фикрронии дурусту мантиқӣ муфид аст. А. Суворов математикаро гимнастикаи ақл номидааст…  Математика илми дақиқ аст ва саҳву хатокориро намеписандад. Ана ҳамин хусусияти математика боиси ихтирооти бузург то ба суперкомпютерҳои имрӯза гардидааст».

Бино ба навиштаи Одиназода, «мисриёни қадим бо истифода аз илмҳои дақиқ аҳромҳои бузурги худро сохтаанд. Мардуми бостонии Ҳинду Чин  ҳам  ба ин фанҳо аҳамияти ҷиддӣ додаанд. Гузаштагони бофарҳанги мо низ ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳ карда, ба пояҳои баланди илмӣ расидаанд, ки имрӯз аз натиҷаи кори онҳо ҷаҳон бархӯрдор аст».

Ректори ДТТ дар ин раванд аз риёзидонон ва ситорашиносони арсаи ҷаҳонии тоҷику форс чун Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Умари Хайём, Абӯнасри Форобӣ, Ҳомиди Ҳучандӣ ва дигарон ёдовар шудааст, ки имрӯз илми ҷаҳон аз онҳо баҳра мегирад.

«Имрӯз давраи тақдирсозе фаро расидааст, ки барои Тоҷикистонро ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додан заҳмат мебояд ва заҳмати беасбоб камсамар аст. Асбоби мутахассиси саноатигардонӣ, пеш аз ҳама, тафаккури техникӣ аст, ки он омӯзиш мехоҳад ва такмил додани донишҳои техникии мутахассис ба манфиати кор аст». – хулоса кардааст Ҳайдар Одиназода.

Январь 28, 2020 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид