Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи «Кӯктош» таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаким Фузайлов сармураббии нави дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин кор ба Ҳаким Фузайлов бародари хурдиаш Раҳматулло Фузайлов ёрӣ мерасонад.
Мавсими гузашта Ҳаким Фузайлов роҳбарии «Истиқлол» -и Душанберо бар дӯш дошт, аммо баъди ба даври навбатии Ҷоми AFC 2019 нагузаштани даста истеъфо дод. Ҳ.Фузайлов инчунин солҳои 2016-2018 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футболро сарварӣ мекард.
Ҳаким Фузайлов касби мураббигиро охири солҳои 90-ум оғоз карда, клубҳои «Бухоро» ва «Динамо» — и Самарқандро сарварӣ кардааст. Соли 2003 ӯ сармураббии «Андиҷон» — и Ӯзбекистон таъйин шуда, пас аз як сол сармураббии «Титан» — и Москва гардид. Аз соли 2005 дар дастаҳои мухталифи Россия — «Локомотив», «Ростов» ва «Терик» кор ва фаъолият намудааст.
Ҳаким Фузайлов дорои литсензияи мураббии дараҷаи «Pro» мебошад.
Акс аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






