Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 13, 2020 16:20

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2020 №7
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Усмонзода Ф.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2020 №9
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода Н.Ю.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Низом Юсуфӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2020 №10
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию
коммуналӣ» озод намудани Нуралӣ М.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нуралӣ Марҳабо Мир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2020 №11
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию
коммуналӣ» таъин намудани Саидзода Б.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саидзода Баҳром Барот муовини якуми Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2020 №12
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
озод намудани Ҳикматзода А.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2020 №13
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
таъин намудани Каримзода А.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Ардашер Исмон муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Январь 13, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон