Дар Хатлон барои васеъ намудани майдони пистазор тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд

Январь 16, 2020 16:52

ДУШАНБЕ, 16.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз охири тирамоҳ дар  мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ  оғоз гардида, баҳри  вусъати он корҳои агротехникӣ  бомаром идома доранд. Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон» соҳаи ҷангалпарвариро ривоҷ дода, аз ҷумла барои васеъ кардани майдони пистазор 163 ҳазор бех ниҳолро  барои шинонидан  омода кардааст.

Тавре  масъулини соҳа зикр карданд,  барои васеътар гардондани ҷангалзор ва ба ин восита  қонеъ  намудани  талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулот, аз ҷумла пистаи маҳаллӣ  заминҳои муассиса бояд пурра истифода шаванд. Аз ин рӯ, баҳри васеъ намудани майдони пистазорҳо бояд заминҳои бекорхобида, аз гардиш баромада ва талу тепаҳои мувофиқ мавриди истифода қарор дода шаванд.

Директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон» Сафаралӣ Атовуллоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар асоси нақшаи Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон барои васеъ намудани масоҳати пистазор танҳо дар ниҳолхонаҳои хурди муассиса ва хоҷагии ҷангали вилоят беш аз 49 ҳазор бех ниҳоли писта парвариш ёфтааст. Дар умум, имрӯз дар муассисаҳои ниҳолпарварии хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои вилоят 163 ҳазор бех ниҳоли писта барои шинонидан омода карда шудаанд. Бо дарназардошти ба як гектар замин рост омадани 360-420 бех ниҳоли писта, имсол барои сари вақт гузаронидани ниҳолҳои омодакардаи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ аз 3,8 то 4,5 ҳазор гектар марзҳои озоди талу пуштаҳо лозим меояд.

Тибқи хулосаи коршиносон, дар баробари мутобиқати иқлим, пистаи дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Хатлон парваришёфта, нисбат ба  маҳсулоти воридотии он  сифати беҳтар дорад.  Агар  таркиби пистаи воридотӣ 47 дарсад равғаннокӣ дошта бошад, пас дараҷаи равғаннокии пистаҳои маҳаллӣ ба 67 дарсад мерасад.

Аз ин лиҳоз, васеъ намудани масоҳати пистазор аз самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷангали вилояти Хатлон боқӣ мемонад.

Соли гузашта дар ҳудуди вилоят зиёда аз  228 гектар ҷангалзори нав бунёд  гардидаанд, ки   112,3 гектари онро  пистазор ташкил медиҳад.

Дар ин маврид ходими  калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмию  тадқиқотии хоҷагии ҷангал Шариф Шарипов изҳори андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар асоси тадқиқоти илмӣ маълум гардид, шароити Тоҷикистон барои бунёди боғҳои  саноатии писта захираҳои зиёди заминҳои наздикӯҳӣ, минтақаҳои кӯҳсор ва  водиҳои лалмӣ, ки дар баландиҳои 500-1400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, истифода бурдан мумкин аст.

«Зеро хусусиятҳои хоси биологию экологии писта, дар шароити гармиҳои хушк ва сардиҳои баланд тобовар будан, имкон  медиҳад, ки майдонҳои зиёд барои бунёду парвариши боғҳои саноатии писта аз худ карда дар тараққиёти соҳаи пистапарварӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии ин  минтақаҳои пистапарварӣ мусоидат намояд», — афзуд  ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ  дар интихоби навъ ва шаклҳои пистаҳои маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки навъи пистаҳои Тоҷикистон  аз ҷиҳати сифат аз навъи пистаҳои дар шакли боғ парваришшавандаи мамлакатҳои Эрон, Туркия, Сурия, Калифорнияи ШМА камӣ надоранд.

Аспиранти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Фаридун Шарипов дар шарҳи ин мавзӯъ иброз дошт, ки  шароити мусоиди  Тоҷикистон  имкон медиҳад, ки на фақат талаботи дохилӣ бо ниҳолу тухмии навъу шаклҳои пурарзиши писта таъмин шавад, балки  барои фурӯш ба берун аз ҳудуди  мамлакат  низ содирот гардад.

«Чунки тухми навъҳои пистаҳои серҳосили мо дар мамлакатҳои ҳамсоя низ талаботи зиёд дорад. Дар истеҳсолот васеъ ба роҳ мондани парвариши навъу шаклҳои ояндадори писта имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик  ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 8-10 сентнер расонда шавад», — мегӯяд Фаридун Шарипов.

Итминон дорем, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои дахлдори  вилоят  дар масъалаи васеъ намудани майдони пистазорҳо тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2020 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба гардиши кишоварзӣ 567 гектар замин ворид карда шуд
Соли 2025 дар гармхонаҳои Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодии Тоҷикистон 3 ҳазору 932 парванда баррасӣ карда шуд
Кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд
Моҳи ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ — имконияти рушд» баргузор мешавад
Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд