Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон: «Пешгирии бемории «коронавирус» зери назорат қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории «коронавирус», ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони дигар сохторҳое, ки бо ин масъала алоқамандӣ доранд, иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.
Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида шуда истодаанд.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориши қатъӣ доданд, ки ниҳодҳои дахлдор бори дигар вазифадор карда шаванд, ки зимни гардиши молу мавод дар сарҳад нуқтаҳои сарҳадии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин беморӣ зери назорати қатъии сохторҳои масъул қарор дода шаванд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






