БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ МАМЛАКАТ: Раванди омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолиятро вусъати тоза мебахшем!

Январь 3, 2020 14:04

ДУШАНБЕ, 03.01.2019/АМИТ «Ховар»/. «Аз он рӯз, ки Президенти муҳтарами кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ дар соли 2020 ва барои солҳои оянда ироа карданд, чанд рӯз сипарӣ гардид. Аммо мо  ҳанӯз таҳти таъсири суханони пурмуҳтаво, боҳарорат ва самимии Роҳбари давлат қарор дорем», — изҳор дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муҳаммадсаиди ШАРОФИДДИН.

Дар идомаи суҳбат номбурда чунин гуфт:

Мо ироаи Паёмро аз толори Кохи Сомон ба таври мусақим тавассути телевизион аз аввал то ба охир бо шавқи беандоза тамошо кардем. Дар ҷараёни тамошои Паём, ки бисёр нуктаҳояш бо мавҷи кафкӯбиҳо истиқбол гирифта шуд, як андеша дар сари ҳар кадоми мо давр мезад: бистуҳашт сол муқаддам халқи тоҷик дар интихоби Роҳбари худ мутлақо хато накардааст.

Зеро давоми ин бистуҳашт сол, ки дар назди таърих фурсати он қадр зиёде нест, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дастовардҳои беназире соҳиб гардид. Чӣ тавре, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар ҳамаи самтҳо, дар тамоми бахшҳои ҳаётан муҳим пешравиҳову муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Дар оғози Паём таъкид шуд, ки «Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад». Ин итминони мардумро ба ояндаи боз ҳам нек комилтар месозад.  Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш борҳо таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати мамлакат ба як ҳадафи волотарин  — таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.

Имсол мо боз як қадами дигар ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон наздик мешавем ва ин бояд масъулияти моро дучанд гардонад. Зеро истиқболи арзанда аз ин санаи муқаддас нишони ватандориву ватанпарастии ҳар сокини кишвар аст. Он гуна, ки  Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд:

«Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд».

Пас аз ин даъвати Сарвари хирадманди давлат моро зарур аст, ки ба раванди омодагиҳо ба ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза бахшем. Ҳар як шаҳрванд ва сокини кишвар бояд ба қадри имкон ва тавони худ барои истиқболи арзанда аз ин сана саҳми худро гузорад.

Дар рӯзҳои омодагӣ ба истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти миллӣ бояд ҳар шаҳрванд, новобаста аз вазифаву мақоми ишғолдоштааш, бинадешад, ки дар назди мардуми кишвар ва дар назди давлати миллӣ масъулияти баланд дорад ва чӣ гуна  қарзи фарзандии хешро сазовору шоиста бояд ба ҷо орад.  Истиқлолият неъмати бебаҳост ва  истиқлоли комилро танҳо он миллате ҳифз карда метавонад, ки солиму солимақл бошад.

Пешвои дурандешу хирадманди миллат ва Ҳукумати кишвар пайваста тамоми иқдомоти лозимро барои пешрафти рӯзафзуни кишвар, рушди тамоми бахшҳои ҳаётан муҳим ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум меандешанд ва мо –шаҳрвандон ва сокинони кишвар вазифадорем, ки дар роҳи ободониву созандагӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ шуда, барои амалӣ гардидани нақшаҳои неки Сарвари давлат камари ҳиммат бандем. Зеро ин Ватан аз они ҳар яки мост ва мо дар назди халқу Худо масъулият дорем, ки барои пешрафту шукуфоии он саҳмгузор бошем. Махсусан, дар ин ду соли оянда, ки давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллист, мо бояд бо масъулияти баланди ватандорӣ, ҳисси эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ барои сазовор таҷлил кардан ин санаи фархунда ҳамаҷониба омодагӣ бигирем ва чӣ тавре, ки Сарвари давлат таъкид доштанд,  ҳар як оила ба тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Зеро ин ҷашни муқаддас на танҳо ҷашни сатҳи давлатӣ, балки рӯзи саиди ҳар хонаводаи тоҷик аст.

Барои он, ки Истиқлолият асрҳо орзуи дерини мардуми мо буд ва дар муддати 28 соли даврони соҳибихтиёрӣ саҳифаҳои ҳаёти кишварамонро варақгардон карда, аз муваффақиятҳои бадастомада табъи кас болида мегардад.  Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки кулли дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ – истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаҳои ҳаётан муҳим бевосита ба кору фаъолияти созанда ва хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад.

Мардуми сарбаланди кишвар бешак аз Паёми имсолаи Пешвои миллат ва даъватҳояшон барои созандагиву ободкорӣ боз ҳам рӯҳбаландтар гардида, бо дилу нияти пок, азму ғайрати дучанд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз саъю талош менамоянд.

Чӣ тавре, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид доштанд:

«Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем».

Тамоми мардуми шарифи тоҷик ба ин сухан ва умуман тамоми нуктаҳои Паёми Пешвои миллат аз дили ҷон бовар дорад ва дастуру супоришҳояшонро роҳнамои фаъолияту зиндагиии хеш қарор медиҳад.

Мо дар ин ҷашни муқаддас ба оламиён нишон хоҳем дод, ки халқи  тоҷик аз азал созандаву бунёдкор, сулҳдӯсту накукор ва ватандӯсту ватанпарвар буду ҳаст.

                                                    Муҳаммадсаиди ШАРОФИДДИН,
                                                  мудири бахши дин, танзими анъана
                                           ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи
                                 ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Январь 3, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода