Баррасии тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 17.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ — намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Ян-Петер Олтерс, коршиноси калони иқтисодӣ Гоҳар Гулюмян, мушовирони байналмилалӣ Мартин Галстян ва Вахе Мавсисян дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сарчашма хабар медиҳад, ки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои мусоидат дар татбиқи марҳилаи навбатии кӯмаки техникӣ оид ба ҳисоб намудани методология ва баҳодиҳии «Фаъолнокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори сипос намуд.
Мушовири байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ Мартин Галстян оид ба татбиқи лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт», дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт аз солҳои 1960 ва таъсири он дар рушди иқтисодиёти кишвар рӯнамои худро манзури аҳли нишаст намуд. Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рафти таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зикр карданд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур диққати махсус ба пешниҳоди донишҳои методологӣ ва консептуалӣ оид ба ташхиси фазои тиҷоратӣ равона карда шуда, мақсади пурсишномае, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт» гузаронида мешавад, омӯзиши андешаи роҳбарони ширкатҳо оид ба вазъи тиҷорати кунунӣ, инчунин нақша ва интизории онҳо барои оянда мебошад. Зеро таҷрибаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд нишон дод, ки чунин пурсишномаҳо на танҳо барои мақомоти давлатӣ, таҳиягарони сиёсати иқтисодӣ ва таҳлилгарон, балки барои худи посухдиҳандагон низ муфид ва дар баробари ин манбаи иттилоъ мебошад.
Тарафҳо дар рафти баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар бахши низоми бонкӣ, инчунин, оид ба рафти амалишавии лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт», табодули афкор намуданд.
Коршиноси калони иқтисодии Бонки Ҷаҳонӣ Гоҳар Гулюмян изҳор дошт, ки омодааст барои вусъати ҳамкорҳо дар самти кӯмаки техникӣ мусоидат намояд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори умед карда, таъкид кард, ки таҳия ва татбиқи минбаъдаи чунин барномаҳо дар доираи кӯмакҳои техникӣ на танҳо барои рушди низоми бонкӣ балки иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Аксҳо аз БМТ










Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1100 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?






