Баррасии вазъи низоми бонкӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии суботи молиявӣ

Январь 30, 2020 15:25

ДУШАНБЕ, 30.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди  иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи дуюми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин дар самти вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Бонки миллӣ ҷиҳати танзими қурби пули миллӣ ва сатҳи таваррум, фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва ҳамкории аъзои Шӯро бо коршиноси Бонки ҷаҳонӣ барои пешбурди фаъолият дар самти нигоҳ доштани устувории низоми молиявӣ, инчунин оид ба мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Ҳамзамон зимни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро масъалаҳо вобаста ба хавф ва мушкилиҳои мавҷуда дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ, бахусус вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва нақшаи истифодаи маблағҳои қарзии корхона, инчунин механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳаматарафа баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Бо суръат гирифтани рақобат байни давлатҳо ва номуайянӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, дар самти пешгӯии хавфҳои иқтисодию молиявӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, бахусус молия ва бонкдорӣ, ки бахшҳои калидӣ дар рушди иқтисодиёт ба шумор мераванд, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин замина зикр карда шуд, ки бо мақсади таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунӣ аввалин маротиба содироти молу маҳсулот тамоюли рушд ва воридот тамоюли коҳишёбанда касб намуд.

Таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, бахусус фаъолияти босамари корхонаҳои азими давлатӣ, ки то андозае рушди низоми молиявӣ-бонкӣ аз он вобаста аст, ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетӣ, инчунин устувор намудани бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад.

Бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди низоми бонкию молиявӣ аз ҷониби Шӯро вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ оид ба амалӣ гардонидани механизми маблағгузории касри Хазина қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2018 таъсис дода шудааст.

 

Январь 30, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1175 то 0.1178 сомонӣ муқаррар шудааст
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2397 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид
РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст
АМАЛИ МО ИНТИҚОЛИ НУР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи энергетикҳо дар Тоҷикистон
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1140 то 0.1147 сомонӣ муқаррар шудааст