Беш аз 20 ҳазор нафар сайёҳ аз ноҳияи Данғара боздид намуданд

Январь 20, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 20.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тарғибу ташвиқи имкониятҳои минтақа соли гузашта ба ноҳияи Данғара беш аз  20 ҳазор нафар сайёҳи дохилӣ ва қариб 2 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ омада, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия дидан намуданд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат хабар медиҳад.

Тибқи иттилои сарчашма, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2019 дар ноҳияи Данғара баҳри бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳия барои солҳои 2018-2020 қабул гардид.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва рушди сайёҳӣ дар минтақа дар ноҳияи Данғара хатсайрҳои сайёҳии нав, назири  хатсайри сайёҳии Данғара-Пушинг таъсис дода шуд. Он самараи ҳамкории судманди Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мебошад.

Имкониятҳои ноҳияи Данғара барои рушди намудҳои сайёҳии кишоварзӣ ва гастрономию экологӣ хеле мувофиқ буда, аз рӯи таҳлилҳо сайёҳон асосан мавсими баҳору Наврӯз аз талу теппаҳои лолазор, алафзор, гиёҳҳои худрӯю шифобахши минтақа боздид намуда, ҳаловат мебаранд.

Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ асосан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия, ба монанди Осорхонаи овони мактаббачагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи литсейи президентӣ, мавзеи «Хуррамшаҳр», мавзеи таърихӣ ва сайёҳии деҳаи Пушинг, Қасри фарҳанги ноҳия, Осорхона- мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, «Сангтӯда», мавзеи «Хуталон», Хоҷашақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, шаҳиди «Сари Қалъа», чашмаи «Нуқра» ва дигар мавзеъҳои дорои имкониятҳои сайёҳӣ дидан менамоянд.

Айни замон дар ноҳияи Данғара 7 меҳмонхонаи замонавӣ, 6 мавзеи сайёҳӣ, 2 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 8 тарабхонаи муосир 2 осорхона, 26 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 22  маркази хизматрасонии бонкӣ, 2  мағозаи фурӯши армуғон, 4 зиёратгоҳ ва 1 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд мебошад.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия растаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд, ки айни замон ҳунармандон дар ин раста маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд.

Маҳз соли 2019 дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ, 2 тарабхонаи муосир, 1 ширкати сайёҳӣ бо номи «Хуталон» ва 1 мағозаи фурӯши армуғонҳо мавриди истифодаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон клуби саёҳатчиён таъсис дода шудааст, ки аъзои он аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон дидан намуда, маводи тарғиботиро гирдоварӣ намуданд.

Тадбирҳои роҳандозишуда ба баланд бардоштани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда мусоидат карда, инчунин ба рушди сайёҳии ноҳия такони ҷиддӣ мебахшанд. Ҳамзамон ба ин восита соҳаи мазкур марҳила ба марҳила ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ин ҳудуди маъмурӣ табдил меёбад.

Январь 20, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати «Al Fardan Exchange» баррасӣ карда шуд
Ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030» баррасӣ карда шуд
Исломиддин Раҳмон дар ҳамоиши Кумитаи байналмилалии вазну ченак дар Тошканд иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид
Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахт хатсайри ройгон ташкил карда мешавад
Парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия таъсис дода мешавад
Таҳкими ҳамкории «Амонатбонк» бо Бонки давлатии рушди Чин дар Сиан баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими иқтисодию молиявӣ дар доираи ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи 21-уми Шурои ҳамоҳангсози байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии ИДМ доир шуд
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад