Чаро дар бисёр биноҳои баландошёна лифтҳо кор намекунанд? Посухи Санъат Раҳим дар робита ба он
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чаро дар бисёр биноҳои баландошёна лифтҳо кор намекунанд? Ба ин саволи хабарнигорон сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:
-Имрӯз на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар ҷумҳурӣ низ биноҳои баландошёна бо лифтҳои фаъол таъминанд. Аммо тарзи дуруст истифода бурдани онҳо аз худи шаҳрвандон вобаста аст. Бояд истиқоматкунандагони биноҳои баландошёна лифтҳоро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доранд. Лифт барои кашондани одамон пешбинӣ шудааст, аммо мутаассифона, шаҳрвандон масолеҳи сохтмониашонро ҳам дар лифти одамкаш боло мебардоранд, ки ин ба риоя накардани таъмини техникаи бехатарӣ оварда мерасонад, — тазаккур дод номбурда.
Зимни нишаст зикр гардид, ки шумораи умумии лифтҳо дар шаҳри Душанбе аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 818 ададро ташкил дода, то ҳол бо иваз гардидани баъзе аз таҷҳизоташон фаъолият доранд. “Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсӣ 171 адад, ноҳияи Шоҳмансур 122 адад, ноҳияи Сино 362 адад ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ 163 адад фаъолият доранд. Дар ин кор шаҳрвандон ҳам бояд мусоидат кунанд ва дастаҷамъона дар ободонии Ватан саҳмгузор бошанд”,- гуфта шуд дар нишаст.
Ҳамчунин дар мавриди норасоии кадрӣ дар хадамоти мазкур зикр карда шуд, ки дар мамлакат мутахассисони соҳавӣ омода карда мешаванд.
Санъат Раҳим гуфт: “Мо соли гузашта 1571 нафар корманд аз рӯи ихтисосҳои кафшергар, таркишгар, маркшейдер, геолог, устои кӯҳӣ, идоракунандаи механизмҳои борбардор, пармагар омода намудем, ки коргарони баландихтисоси соҳаи кӯҳкорӣ мебошанд. Мо ниёз ба мутахассиси хориҷӣ надорем”.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар хадамоти мазкур мутахассисони тоҷик то 90- 95 фоизро ташкил медиҳанд.
Айни ҳол дар хадамот 2173 корхона ва 9833 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 259 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 241 назорати нақшавӣ ва 18 назорати ғайринақшавӣ гузаронида шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилот нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартарафкунӣ ва ислоҳи кабудиҳо муҳлати муайян дода шудааст.








Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд






