Чаро ноболиғон ба оворагардӣ машғул шуда, ба ҷиноят даст мезананд? Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»

Январь 21, 2020 16:40

 ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таълиму тарбияи фарзанд, ба таҳсил фаро гирифтану соҳибмаълумот намудани онҳо яке аз вазифаҳоест, ки волидайн бевосита дар ин самт масъуланд. Ҳарчанд баъди солҳои низоъҳои дохилӣ шароити зиндагӣ  вазнин буд, аммо бо мурури замон  ҷомеа пеш рафта, дар соҳаи маориф тамоми шароит ҷиҳати таълиму тарбия ва соҳибмаълумот гардонидани фарзандон фароҳам гардидааст.

Таҳлилҳо  нишон медиҳанд,  яке аз масъалаҳое, ки дар ҷомеа то ҳол  ҳалли худро наёфтааст,  ин оворагардии бархе аз кӯдакону наврасон ва ҳатто баъзе аз  мактаббачагон мебошад. Зеро яке ба шустани наклиёт машғул асту дигаре ба пакетфурӯшӣ ва сеюмин то нимашаб машғули бозиҳои компиютерӣ.

Чӣ ноболиғонро водор сохтааст, ки даст ба чунин амалҳо зананд? Чунин амалҳо ба инкишофи ноболиғон чӣ таъсири равонӣ мерасонад? Чаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби бархе волидайн риоя намешавад?

Посух ба ин саволҳо ва баррасии ҳама паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии «Бозтоб» рӯзи 22 январ, соати 09:30, (такроран) 17:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Январь 21, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад