ЧАРО ТАМОШОБИН БА ТЕАТР НАМЕРАВАД? Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»

Январь 29, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Театр яке аз бахшҳои муҳими фарҳанг буда, онро  воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон  арзёбӣ намудаанд. Театр ба оинае шабоҳат дорад, ки дар он мо  гузашта ва имрӯзи  зиндагиро мебинем. Намоишҳои пурмазмуни он  моро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят  намуда,  ғизои маънавӣ мебахшанд. Воқеан ҳам рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳнаи  театр дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонони мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро  комил мегардонад.

Театри тоҷик  дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд  ноил гардид. Аз ҷумла, дар интихоби драмма, ҳунарпеша,  басаҳнагузории намоиш, сафарҳои эҷодӣ мустақилият ба даст овард. Дар барномаҳои он намоиши асарҳои худӣ ва рӯҳи миллидошта бештар ва пурқувват гардид.

Аммо коршиносон бар он назаранд, ки феълан кори театр ва робитаи он бо тамошобин то андозае ба мушкилӣ  рӯ ба рӯ гардидааст. Ин аст, ки баъзе аз ҳунармандон андеша доранд, ки театр рисолаташро аз даст додааст.

Театр дар ҷомеаи кунинӣ чӣ нақше дорад. Чаро тамошобин ба театр намеравад? Оё намоишномаҳои театрӣ завқи тамошобинро қонеъ карда метавонанд?  Ҳунармандон аз кӣ ва ё чӣ гиламанд ҳастанд?

Посух ба ин саволҳо ва баррасии дигар паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлили «Бозтоб» имрӯз, соати 11:30, (такроран) 17:30 ва 21:30 аз радиои «Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Январь 29, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад