ЧЕМПИОНАТИ СAFA-2020 ОИД БА ФУТЗАЛ: дастаҳои Эрон ва Ӯзбекистон- пешсафи мусобиқот
ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар Душанбе бозиҳои даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни духтарони то 19-сола баргузор гардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр бо ҳисоби 0:2 аз дастаи Қирғизистон шикаст хӯрд.
Дастаҳои мунтахаби Эрон ва Ӯзбекистон баъд аз се давр бо 9- имтиёзӣ пешсафи ин мусобиқот мебошанд.
Чемпионати СAFA-2020 оид ба футбзал байни духтарони то 19-сола аз 24 то 29 январ баргузор мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар Душанбе баргузор шуда истодаанд.
Дар умум дар доираи чемпионати СAFA-2020 15 бозӣ баргузор карда мешаванд. Мусобиқа аз рӯи низоми даврӣ ҷараён гирифта, ҳар як даста бо ҳамдигар як маротибагӣ дидор анҷом медиҳад. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз касб мекунад, ғолиби мусобиқа мегардад.
Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал байни духтарони то 19-сола:
Даври якум
24 январ (ҷумъа)
12:00 – Қирғизистон – Афғонистон — 3:0
15:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН – 15:0
18:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон — 4:1
Даври дуюм
25 январ (шанбе)
12:00 – Эрон – Афғонистон — 16:1
15:00 – ТОҶИКИСТОН – Туркманистон — 2:3
18:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон – 7:4
Даври сеюм
26 январ (якшанбе)
12:00 – Туркманистон – Эрон 0:12
15:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон — 0:2
18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3
Даври чорум
28 январ (сешанбе)
12:00 – Қирғизистон – Туркманистон
15:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
18:00 – Ӯзбекистон – Эрон
Даври панҷум
29 январ (чоршанбе)
12:00 – Туркманистон – Афғонистон
15:00 – ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон
18:00 – Эрон – Қирғизистон
Акс аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






