«Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»-таҳти ин ном дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷиро доир менамояд.
Ба иттилои шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон, ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар ва тақвият додани ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам мебошад. Дар Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ ҷавонони ҳунарманду эҷодкор аз ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ метавонанд бо рақсу суруд ва таронаҳои миллии худ иштирок намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд рақс ва сурудҳои худро то 10 марти соли 2020 тавассути почтаи электронии kjvs.1997@mail.ru ба унвони Кумита ирсол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи дуюм аст бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» доир мешавад.
Соли 2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва Туркия иштирок намуда, барномаҳои ҷолибе ба намоиш гузошта буданд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






