Дар Афғонистон ҳавопаймои мусофирбар, эҳтимолан мутааллиқи ширкати хориҷӣ дучори садама гардид

Январь 28, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 / АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои  мусофирбаре, ки дирӯз дар Афғонистон  суқут  намуд,  эҳтимол ба  ягон ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ  мансуб  бошад, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  ВАО-и хоричӣ.

Ба қавли волии музофоти  Ғазнӣ  Ваҳидулло Калимзай, «ҳавопаймо ба ягон ширкати ватанӣ мутааллиқ нест». «Эҳтимол аст, ки сухан дар бораи  ширкати хориҷӣ меравад,- гуфтааст ӯ ба ТАСС.  Ҳавопаймо батамом сӯхтааст».

Намояндаи дигари  волии  Ғазнӣ  Ориф Нурӣ  изҳор намуд, ки ҳавопаймо дар минтақаи  Деҳ Як  дучори садама гаштааст. Дар дохили ҳавопаймои  суқутнамуда  83 нафар будаанд, гузориш медиҳад  шабакаи телевизионии Ariana News  бо истинод ба манбаъ. Tolo News  хабар медиҳад, ки ин минтақа  зери назорати «Толибон» қарор дорад. То ҳол  оид ба ҳавопаймои суқутнамуда  маълумоти дақиқе вуҷуд надорад. Ба он ҷо алҳол неруҳои махсуси Афғонистон равона гардидаанд.

Қаблан  иттилоъ доданд, ки ҳавопаймо ба  ширкати Ariana Afghan Airlines  мансуб аст, аммо  ширкати мазкур ин маълумотро рад намуд.

Ҳавопаймои ба садама дучоргашта  эҳтимол дорад, ки  ба неруҳои ҳавоии  ИМА  мутааллиқ  бошад.  Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews  хабар додааст. Тахмин меравад, ки ин тайёраи бомбаандоз Bombardier E-11 буд, ки ҳамчун маркази алоқаи ҳавоӣ истифода мегардид.

Шабака  сабти видеоиеро аз макони садама пахш намуд. Дар он ба назар мерасад, ки ҳавопаймо қисман сӯхтааст. Вале ба гуфтаи рӯзноманигорон, нишонаҳои муайянкунанда  дар муҳаррики тарафи рост аз он шаҳодат медиҳанд, ки  ҳавопаймо  ба неруҳои ҳавоии ИМА тааллуқ доштааст.

Оид ба далелҳои мазкур неруҳои мусаллаҳи ИМА  корҳои тафтишотӣ оғоз намуданд.  Ҳамзамон намояндаи  фармондеҳии марказии артиши Амрико Бэтт Риордан  изҳор намуд, ки  то ҳол  маълум нест, ки ҳавопаймои суқутнамуда ба кадом  кишвар  мансуб аст.

Қаблан волии  Ғазнӣ Ваҳидуллоҳ Калимзай  гуфта буд, ки аз дохили ҳавопаймои  батамом сӯхташуда сарнишинро, ки  эҳтимол меравад  шаҳрванди хориҷист, берун кашидаанд. Ба қавли ӯ, ҳавопаймои суқутнамуда шояд мусофирбар  набуд, чунки дар қаламрави Афғонистон  ҳанӯз ягон ҳавопаймои мусофирбар ба садама дучор нашудааст.

Имрӯз  рӯзномаи русии «Общая газета» хабар дод, ки созмони террористии «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон)  масъулияти  садамаи ҳавопайморо бар дӯш гирифтааст.

АКС аз рӯзномаи  «Труд»

Январь 28, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд