Дар Бонки миллӣ бо бардошт аз Паёми Пешвои миллат татбиқи самараноки сиёсати пуливу қарзиро баррасӣ карданд

Январь 7, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 07.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дурнамои сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаро гирифта, ба сифати раҳнамои мардуми Тоҷикистон дар соли 2020 хидмат хоҳад кард. Ин нукта  зимни ҷаласае, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба омӯзиш ва баррасии Паёми  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, баён шуд.  

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар маҷмӯъ, Пешвои миллат соли 2019-ро барои мардуми мамлакат соли хотирмон ва бобарор арзёбӣ карда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, молия ва бонкдорӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тавсияву ҳидоят ва вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ, ки дар Паёми навбатӣ зикр гардида буд, равона карда шуд.  Гуфта шуд, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он, дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум, таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар умум, татбиқи самараноки сиёсати пуливу қарзӣ тадбирҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласа ба он таваҷҷуҳи махсус дода шуд, ин дастури Пешвои миллат барои ташкили бонки алоҳида, ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ буд. Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонки алоҳида таъсис дода, барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро дастури раҳнамо маънидод намуд. Мавсуф гуфт, ки Паём моро ба муттаҳидӣ ва саъю кӯшиши пайваста ба хотири татбиқи амалии он даъват мекунад ва амалӣ намудани муқаррароти он ба пешрафту дастовардҳои назарраси давлатамон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус низоми бонкии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Январь 7, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд