Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯён аз 10 давлати дунё таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ 39 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 10 кишвари гуногун, ба мисли Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Чин, Корея, Нигерия ва Германия дар зинаҳои гуногун таҳсил доранд. Аз ин шумора 18 нафар ба таври буҷетӣ дар асоси бурсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш меомӯзанд. Ин нуктаро имрӯз ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Ҳайдар Одиназода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки шумораи хатмкунандагон- шаҳрвандони хориҷӣ 8 нафарро ташкил медиҳад, ки 4 нафар ба зинаи бакалавриат, 2 нафар -магистратура ва 2 нафар ба докторантураи PhD рост меояд.
Ба иттилои мавсуф, дар донишгоҳ 588 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 14 кишвари дунё дар зинаҳои гуногуни таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 15 нафар дар асоси бурсияҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудо намудааст ва 573 нафар дар асоси шартнома таҳсил менамоянд.
Зикр шуд, ки давоми панҷ соли охир зиёда аз 50 нафар корманди донишгоҳ ба аспирантура ва докторантураи Федератсияи Россия фиристода шудаанд. 17 нафари онҳо рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, барои идомаи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ба донишгоҳ баргаштанд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо се муассисаи олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ду донишгоҳи Беларус ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Ҳайдар Одиназода оид ба омодасози кадрҳои илмӣ-педагогӣ иброз намуд, ки «омодасози онҳо дар маркази диққати раёсати донишгоҳ қарор дорад. Дар донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ дар Шӯрои диссертатсионии ҷумҳурӣ, Федератсии Россия ва шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ 61 нафар устоди донишгоҳ ва 3 нафар корманди дигар муассисаҳо рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд, ки аз инҳо 561 нафар сазовори дараҷаи илмҳои техникӣ, 1 нафар илмҳои химиявӣ, 8 нафар илмҳои иқтисодӣ, 3 нафар илмҳои филологӣ ва 1 нафар илмҳои фалсафа гардиданд. Ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 34 нафар зиёд буда, ба шарофати таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад».








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






