Дар Душанбе Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиши идона доир гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода сухан карда, кормандони соҳаро бо Рӯзи касбиашон муборакбод намуд.
Номбурда иброз намуд, ки ҳоло дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2019 изҳор намуданд, ки «Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар ҳамин асос бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то синни 18 ва дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанду ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1 сентябри соли равон 50 фоиз зиёд карда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад».
Тадбирҳои мазкур имкон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагирон беҳтар гардад, гуфт Насим Олимзода ва илова намуд, ки мо кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.
«Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, мақсад ва вазифаҳои он, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Мояи сарфарозист, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ҷиҳати таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, хусусан соли сипаригардида дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дастовардҳои назаррас ба даст оварда шудаанд»,- иброз дошт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар хатми ҷамъомад як гурӯҳ кормандони соҳаи иҷтимоӣ бо ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






