Дар Форуми ҷумҳуриявӣ усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврали соли 2020, соати 9:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» Форуми ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва шарикони рушд роҳандозӣ шуда, мақсад аз он омӯзиши роҳҳои паст кардани шиддати ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷудоиандоз, махсусан гурӯҳҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Инчунин дар форум пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Форуми ҷумҳуриявӣ кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, судяҳо, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, олимон ва муҳаққиқон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои дахлдор маърӯза менамоянд.
Форум дар ду бахш доир шуда, дар анҷоми он қатънома қабул карда мешавад.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






