Дар Маркази миллии тестӣ омӯзиши курсҳои шиносоии низоми ИМД барои соли 2020 оғоз гардид

Январь 20, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 январ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  омӯзиши курсҳои  шиносоии низоми  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)  бо иштироки намояндагони сарраёсати шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 тибқи банди 59-уми «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони  низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Аз ин рӯ бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми  ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.

Ҳайати корӣ барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ бо шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва модули омӯзишии низоми ИМД таъмин мешаванд.

Ҳамчунин аз 30 январ то 1 феврал даври дуюми омӯзишӣ дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома ёфта, дар он  3642 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маориф иштирок мекунанд. Даври сеюми курси шиносоӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 150 000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 феврал то 6 март тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2020 вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари онҳо доир мегарданд.

Январь 20, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад