«ДАР ҲОФИЗАИ ҚАРНҲО». Ҳайати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии анъанаҳои мардумии Москва иштирок менамояд

Январь 30, 2020 10:53

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии анъанаҳои мардумии «Дар ҳофизаи қарнҳо», ки бори дуюм 26 апрел дар Москва  таҷлил мегардад, иштирок менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Дар хабар омадааст, ки имсол фестивал ба шарофати ширкати кишварҳое, ки бо  Россия робитаҳои деринаи таърихӣ  ва фарҳангӣ доранд,  аз ҷумла: Тоҷикистон, Беларус, Молдова, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон  байналмилалӣ мешавад. Фестивал бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи  Россия, Вазорати корҳои хориҷии ФР, сафоратхонаҳои кишварҳои иштирокчӣ, ҳамчунин бо кумаки  иттилоотии  агентии ТАСС ва шабакаи телевизиони ОТР   доир мегардад.

Таъсисдиҳандагони фестивал  Бунёди дастгирӣ  ва татбиқи лоиҳаҳои  ватандӯстона, маънавӣ ва иҷтимоӣ- фарҳангии «Рамзи фарҳангӣ» ва  МДБФ  «Қасри давлатии Кремл» мебошанд.

Фестивали «Дар ҳофизаи қарнҳо» яке аз чорабиниҳои муҳим доир ба ҳифз ва  муаррифии фарҳанги мардумӣ мебошад, ки дар майдони асосии консертии Россия дар Кремл баргузор мегардад. Дар арафаи  75 — умин солгарди  Ғалабаи бузург  дар Қасри  Кремл дар як саҳна ҳунарпешагон – намояндагони  халқҳое, ки соли 1945 бар фашизм ғолиб омаданд, гирд меоянд. Ин рӯйдод барои онҳое, ки хотираи падару   бобокалонҳо,   халқиятҳои  гуногун, озодӣ ва мустақилияти  наслҳои  ояндаро ҳифз намуда, арзишҳои маънавӣ, анъана ва урфу одатро ҳимоя кардаанд, азизу гиромӣ  ва хотирмон хоҳад буд. Маҳз анъанаҳои фарҳанги  мардумии  Россия ва кишварҳои ҳамсоя аз хориҷаи наздик – ҳунарҳо,  мусиқӣ, рақсҳо- мавзӯи асосии фестивали «Дар ҳофизаи қарнҳо» хоҳад буд.  Дастаҳои машҳури ҳунарпешагони  шинохта – намояндагони эҷодиёти халқи кишварҳои иштирокчӣ – дар саҳнаи асосии кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба ҳайати шӯрои сарпарастони  фестивал ходимони фарҳанг ва санъат  шомиланд,  ки дар байнашон Лев Лешенко, Андрис Лиепа, Юрий Маликов, Ангелина Вовк  мебошанд.  Дар доираи гала-консерт дар Кремл   сарояндагони  эстрадаи Россия ва  кишвраҳои иштирокчӣ,   дастаҳои  мардумии дар тамоми дунё машҳур, ҳамчунин меҳмонони хосаи фестивал–ансамблҳо ва сарояндагони хориҷаи наздик ҳунарнамоӣ  мекунанд.

«Ҳадафи асосии фестивали мо- дастгирӣ ва муррифии фарҳангҳо, санъат, урфу одат ва ҳунарҳои халқӣ, анъанаҳои меҳмоннавозӣ ва ҳамсоягии нек мебошад,- гуфт Александр  Ковалёв, ташкилочӣ  ва илҳомбахши маънавии фестивали «Дар ҳофизаи қарнҳо».- Ин иди олиҷаноби дӯстии халқҳои ҳамсоякишвар,  бешак, дар тақвими фарҳангии байналмилалӣ  мақоми арзанда ишғол намуда, омили муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ  ва эҳтироми тарафайн миёни халқҳо мегардад».

Баргузории фестивал дар ду марҳила пешбинӣ  шудааст:

Марҳилаи аввал моҳи ноябри соли 2019 — январи 2020 – Интернет фестивал.

Иштирок дар ин марҳила дар қолаби онлайн пешбинӣ  гардидааст, он сода ва дастрас хоҳад буд. Дар сомонаи фестивал ҳам дастаҳои калони касбӣ аз шаҳрҳои бузург, ҳамчунин дастаҳои камшӯҳрат, дастаҳои  оилавӣ ва худфаъолияти деҳоти хурд метавонанд худро ба қайд гиранд ва ҳунарнамоӣ  намоянд. Ба  ақидаи  кумитаи ташкилӣ  ва  шӯрои сарпараст  беҳтарин дастаҳо дар марҳилаи ҷамъбастии фестивал иштирок менамоянд.

Марҳилаи дуюм 26 апрели соли 2020, намоишгоҳи ҳунарҳои халқӣ ва гала -консерти фестивали «Дар ҳофизаи қарнҳо» дар қасри Кремл баргузор мегардад.

Ин рӯйдодҳо аз рӯи натиҷаҳои силсилаи интернет-чорабиниҳо дар доираи барномаи фестивал ҷамъбаст  мешаванд ва дар онҳо дастаҳои аз ҳама пурҳунари Россия, ҳамчунин меҳмонон аз хориҷаи наздик иштирок хоҳанд кард.

Акс  аз Хадамоти матбуоти  Фестивали «Дар ҳофизаи қарнҳо»

Январь 30, 2020 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид