Дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мегардад

Январь 30, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд  миёни тарроҳон ва дӯзандагон таҳти унвони «Атласу адрас»  Фестивали вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси раёсатҳои кор бо занон ва оилаву фарҳанги вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ фестивали мазкур баргузор мегардад.

Фестивали вилоятии «Атласу адрас» аз рӯи 4 бахш сурат мегирад: «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва « Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ».

Тавре манбаъ зикр намуд, тибқи талаботи фестивал либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда бошанд. Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дархостҳо барои иштирок дар фестивал аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то 20 феврал қабул карда мешаванд.

Январь 30, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд