Дар Тоҷикистон омӯзгори сол-2019 муайян карда мешавад

Январь 16, 2020 12:50

ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм маросими даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз ҷараёни ин маросим. 

Имсол ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» панҷ нафар иштирокчӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтаанд. Инҳо омӯзгори фанни физика аз мактаб Интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони ВМКБ Ризоалӣ Маҳмадназарбеков, омӯзгори  фанни географияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Некрӯз  Турсунзода, омӯзгори фанни забони англисӣ аз Литсейи физикӣ-математикии рақами 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни таърих аз Мактаби байналмилаии Президентии шаҳри Душанбе Саид Раҳимов ва омӯзгори фанни ҳуқуқи  Литсейи ба номи Тимур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова дар даври ниҳоӣ ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

«Касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмату сангин  аст.  Рисолати омӯзгор  тарбияи инсони комил  мебошад. Аз ин рӯ,  дар ниҳоди  шогирд  тарбия намудани   беҳтарин фазилатҳои инсонӣ  кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи  омӯзгор аст. Аз ин рӯ, ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм тамоми тадбирҳои заруриро меандешад», — иброз дошт муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ зимни ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии  Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019».

Имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт шарт доир гардида, дар он муаррифии таҷрибаи кори омӯзгорон, гузаронидани маҷлиси падару модарон, кор бо компютер, гузаронидани дарсҳои конкурсӣ аз рӯй ихтисос, таҳлили дарс, дарси тарбиявӣ ва посух ба саволҳо гузаронида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ, даври дуввум дар шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар вилоятҳо ва даври ҷумҳуриявии он дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Даври ҷумҳуриявии озмун тайи ду рӯз идома ёфта, баъзе аз шартҳои онҳо дар мактабҳои шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтироми хос ҳамеша доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ  ва рисолати ӯ дар ҷомеа нуктаҳои муҳимро таъкид медоранд. Аз ҷумла: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».

Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» 18 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Январь 16, 2020 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба беш аз 11 ҳазор шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия соли 2025 Платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба истифода медиҳад
Дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба истифода дода шуд
Шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 101,9 миллион сомонӣ маснуоти саноатӣ истеҳсол намудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Дар Тоҷикистон 37 фоизи олимон занон мебошанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ