Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти ин муассисаи илмӣ иброз намуд.
Бино ба маълумоти номбурда инчунин дар соли 2019 барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 35 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидааст.
Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 мавриди таҳлил қарор гирифт. Президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ паҳлуҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмиро баррасӣ намуда, зикр кард, ки тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, олимонро зарур аст, ки дар баробари рушди илми тоҷик дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Инчунин назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд.
Баъди таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳо ба олимоне, ки дар соли 2019 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо супорида шуданд. Аз ҷумла ба доктори илмҳои техникӣ, мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ Сабур Абдуллоев, номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ Владимир Маслов, номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ Баҳром Назаров Ҷоизаи ба номи академик С.У.Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техника, ба узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, мудири озмоишгоҳи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Ҳомидҷон Абдуллоев Ҷоизаи ба номи академик Е.Н.Павловский дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ, ба доктори илми таърих, мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Санавбар Воҳидова, ба доктори илми филология, мудири шуъбаи илмию ташкилии Раёсати АИ ҶТ Пирмаҳмад Нуров Ҷоизаи ба номи академик М.С.Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ супорида шуд.










ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






