Дилафрӯз Каримова беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон дар соли 2019 эълон гардид

Январь 20, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 20.01. 2020./АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд. 

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидмуҳаммад Изатуллозода хабар дод.

Ба иттилои мавсуф, 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъбаст гардид.

Дар озмун панҷ нафар довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат  аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Латофат Назирӣ нахуст аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳли маорифро бо соли нави 2020 табрик намуд ва андешаҳои хешро оид ба ҷараёни озмуни имсола баён намуд. Мавсуф иброз дошт, ки «рушди ҳар як ҷомеа ба низоми илму маорифи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва маърифатнокии аҳли ҷомеа мондагории ҳар як мамлакатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният таъмин менамояд. Агар низоми илму маориф дар ҳар ҷомеа инкишоф ёбад, сатҳи таълиму тарбия аз рӯйи талаботи замон сурат гирад ва шароити мусоид барои аз худ кардани  илму дониш фароҳам шуда бошад, комёбию дастовардҳои низоми сиёсию иҷтимоӣ дар ҳамон ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва маҳаки асосии пешрафт мегардад».

Омӯзгори фанни физикаи Мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Ризоалӣ Мамадназарбеков соҳиби 177 хол, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни таърихи Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов соҳиби 193 хол ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова соҳиби 204 хол гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуданд.

Январь 20, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд