Директори Агентии обуҳавошиносӣ: Аз 366 пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ 87 фоизи он дуруст мебарояд

Январь 28, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМТ «Ховар»/.  Аз 366 пешгӯии вазъи обу ҳаво ва офатҳои табиӣ дар як сол 87 фоизи он дуруст мебарояд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки моҳи феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи  меъёри муқаррарӣ сербориш ва гарм пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Ҳ. Расулзода, моҳи феврал дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон  ҳарорати ҳаво 2+4 дараҷа баланд шуда,  ин рақам дар вилояти Суғд 1+3 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1+2 дараҷаро ташкил медиҳад.

«Имрӯз Агентии обуҳавошиносӣ  бо марказҳои ҳавосанҷии Федератсияи Россия, Америка ва Германия ҳамкории зич ба роҳ монда, усулҳои ҳавошиносии онҳоро  тибқи коркарди илмии мутахассисон дар соҳаи худ истифода мебарад»,- гуфт номбурда.

Январь 28, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид