Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон — ғолиби Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол
ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол, ки 20 январ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд оғоз шуд, дирӯз бо ғолибияти дастаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар мусобиқаи мазкур 18 даста аз шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат байни ҳам рақобат намуданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи кушод дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм, Ашт-2 ҷойи сеюм ва дастаи Истаравшан ҷойи чорумро ишғол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир карда шуд. Ҳадаф аз он оммавигардонии варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, сипоснома ва маблағҳои пулӣ- 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






