Гурӯҳҳои кории тарғиботӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Роғун шарҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои расонидани муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба сокинон, дар шаҳри Роғун гурӯҳҳои кории тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти худро аз 7 январ оғоз намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов хабар дод.
Мавриди зикр аст, ки вохӯрию суҳбатҳо бо ташкили 4 гурӯҳи корӣ дар 27 мавзеъ, аз ҷумла маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ ба роҳ монда шудаанд.
Чунин мулоқот дар толори шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Аъламхон Наимӣ, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода ва сокинони маркази шаҳр баргузор гардид. Дар он меҳмонон нуктаҳои асосии Паёми навбатиро ба сокинон шарҳу тафсир дода, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рӯйдодҳои муҳими таърихие, ки соли 2019 ба вуқӯъ пайвастаанд, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати дуюми «НБО Роғун» мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се давлати аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад.
Инчунин Паёми навбатӣ дар татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», тараққӣ додани яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, яъне рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мамлакат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳр беш 13 вохӯрию ҳамоиш гузаронида шуда, дар онҳо беш аз 1200 нафар сокинон иштирок намуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






