«Хайр, эй соли куҳан, хуш омадӣ, эй соли нав!», «Зодаи Душанбею Раиси Кумитаи Маҷлиси давлатии Бошқирдистон»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Январь 2, 2020 16:31

ДУШАНБЕ, 02.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доштанд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (30.12.2019, №252)  дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ  мақолаи таҳлилӣ   бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2020  таҳти сарлавҳаи «Хайр, эй соли куҳан, хуш омадӣ, эй соли нав!»  ба нашр расидааст. Дар мақолаи мазкур аз дастовардҳои  мамлакат  дар  соли  сипаришуда  ёдоварӣ шудааст.  Аз ҷумла, дар он  чунин омадааст: «Соли куҳан соли вафо, соли сафо, соли нур ва соли сурур буд. Гуфтанду  мегӯем, оре, ошиқона ва орифона «Дер омадиву зуд хоҳӣ рафтан». Зуд ба ин маънист, ки умр дар он хуш гузашт ва ҳам он гуна, ки дил мехост. Диёрамон то гӯшаҳои дурдасттарини он ободу зебо гашт. Сатҳу сифати зиндагии мардум баланд шуд. Пойтахти Тоҷикистон бо шукуфоӣ, пешрафт дилработар гардид».

«Оре, агарчи соли куҳан неку буд, меравад. Соли нав, соли накутар аз он фаро мерасад»,- омадааст дар  анҷоми ин  матлаб.

«Бардошт аз Паём», «Туҳфаҳои солинавӣ. Анъанаҳои ҷолиби мардуми кишварҳои дунё»,  «2020 дар Паём», «Солшуморӣ. Оё таърихи онро медонем?», «Маориф. Соҳае, ки авлавият дорад», «Хониши бошуурона. Омили муҳими рушди маънавию зеҳнӣ», «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» -аз мақолаҳои дигари ин шумораи «Ҷумҳурият» мебошанд, ки   масъалаҳои муҳими ҷомеаро  баҳри  қазоват  пешниҳоди  хонандагон намудаанд.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№1 аз 01.01.2020)   дар саҳифаи аввали ин шумора  гузориши муфассал аз  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, нашр намудааст.

Дар ин  шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин  мақолаҳои таҳлилӣ ва хонданбоб  таҳти сарлавҳаҳои «Соли муш чӣ пайомаде ба дунбол хоҳад дошт?», «Соли нав. Онро дар куҷо чӣ гуна ҷашн мегиранд?», «Ҷомеаи фарҳангӣ пойдор мемонад», «Паёми бахту саодати миллат», «Зодаи Душанбею Раиси Кумитаи Маҷлиси давлатии Бошқирдистон» ба чоп расидаанд.

Муаллифони мақолаи  «Зодаи Душанбею Раиси Кумитаи Маҷлиси давлатии Бошқирдистон»- сармуҳаррир ва мухбири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев ва Сайфиддин Суннатӣ, ки чанде пеш дар Федератсияи Россия  дар сафари хидматӣ қарор доштанд, чунин нигоштаанд:  «Яке аз лаҳзаҳои хотирмон зимни сафари хидматӣ ба шаҳри Уфа мулоқот бо раиси Кумитаи Маҷлиси давлатӣ — Қурултойи Ҷумҳурии Бошқирдис­тон оид ба тандурус­тӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо собиқадорон  Салават Харасов буд. Ӯ 10 майи соли 1961 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Айёми кӯдакию наврасиаш дар маҳаллаи Яккачинори  пойтахт (кӯчаи Ҳилолӣ, 39) сипарӣ гардида, дар мактаби №32 таҳсил намудааст. Сипас, дар синф­ҳои болоӣ ба мактаби №1 гузашта, онро соли 1978 хатм ва ҳамон сол ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ – сиёсии  Новосибирск дохил мешавад. Баъди хатми  омӯзишгоҳ ӯ ба ҳайси афсар дар округҳои низомии Закарпати ва Приволжский хизмат кард. Баъдан, дар давраи бозсозӣ Салаватро ба Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии ИҶШС оид ба кор бо ҳайати шахсӣ қабул намуданд. Афсари собиқадор бо дасту дили пок вазифаашро иҷро мекард. Қисми низомие, ки С.Харасов дар он хизмат кард, яке аз беҳтаринҳо дар Россия буд. Хизмати фидокоронаи Салават Харасовро ба назар гирифта, ӯро раиси Палатаи назорату ҳисоби Ҷумҳурии  Бошқирдистон таъйин намуданд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2009 то соли 2016 фаъолият дошт. Аз соли 2016 то соли 2018 ёрдамчии сарвари Ҷумҳурии  Бошқирдистон буд. Аз соли 2018 раиси Кумитаи Маҷлиси давлатӣ – Қурултойи Ҷумҳурии  Бошқирдистон мебошад».

«С. Харасов зимни суҳбат иброз дошт, ки дилаш ба ёди Тоҷикистон гум мезанад: — Давраҳои кӯдакию наврасиам дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе пушти сар шудааст. Бо ҳамсинфон ҳар тобистон ҳамеша ба кӯлҳои «Комсомол» (ҳоло «Ҷавонон»), «Варзоб» ва Қалъаи Ҳисор мерафтем. Ҳоло аз телевизион ободкориҳоро дида, хурсанд мешавам. Бори охир соли 1987 ба шаҳри Душанбе рафта будам. Онро хеле пазмон шудаам, — мегӯяд Салават Харасов», — омадааст дар мақола.

Дар шумораи навбатии  нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (30.12.2019, №52)   матни Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе пешниҳод гардид,  ба  чоп расидааст.

«Чем запомнился 2019 год для таджикистанцев?», «Пусть наши дети не болеют!», «Бунёд Рахнамо: «Для меня каждый участник конкурса – победитель», «Запрет использования мобильных телефонов в школах дает результаты»,  «Праздник для детей», «В Яванском районе заработало новое предприятие по производству шифера», «Впечатления жителей Куляба о 2019 годе» — аз ҷумлаи матолиби дигари рӯзномаи  «Народная газета»  мебошанд, ки   дар ин шумора  рӯи чоп омадаанд.

Шумораи навбатии  «Минбари халқ» (№52, аз 26.12.19)  пурра ба   Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, cафари  кории Сарвари давлат ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон  бахшида шудааст.

       Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

Январь 2, 2020 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад

Маводҳои таҳлилӣ