Идораҳои геологияи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сабабҳои пайдоиш ва ташаккули ярчҳоро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ муайян менамоянд
ДУШАНБЕ, 29.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ омӯзиш ва тадқиқоти муштараки илмии ҳодисаҳои хавфноки экзогенӣ, аз ҷумла муайян намудани сабабҳои пайдоиш ва ташаккули ярчҳоро ба роҳ мемонанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геологӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд.
Ба маълумоти номбурда, барои тадқиқоти саҳроӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳавӣ ва дорои ихтисоси баланд ташкил карда шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.
«Соли 2019 дар доираи созишномаи мазкур ду вохӯрии роҳбарияти мақомоти геологияи ҳарду давлат дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд доир карда шуд. Дар ҷаласаҳо тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёсҳои 1:500 000 ва ё 1:200 000 дорои мазмуни геологии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси ГИС – технология, ки майдонҳои маъдании аз ҳудуди ҷумҳуриҳо гузарандаро фарогиранд (майдони маъдании Шинг-Моғиён), мубодилаи иттилоот, омӯзиш ва тадқиқоти муштараки илмии ҳодисаҳои хавфноки экзогенӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монанд»,-илова кард Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Зикр гардид, ки дар нақшаҳои корӣ, пеш аз ҳама, рақамикунонии харитаҳои геологии ҳудудҳои наздисарҳадӣ, ки мутахассисони тоҷик дар ин самт таҷрибаи калон доранд ва солҳои зиёд дар ин ҷода кор мекунанд, ҷой дода шудааст. Инчунин тибқи нақша вобаста ба таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёсҳои 1:500 000 ва ё 1:200 000 ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бо дарназардошти ҳолати стратиграфӣ, магматикӣ, тектоникӣ, металлогенӣ ва тадқиқоти геофизикӣ дар асоси технологияҳои ГИС, мубодилаи таҷриба оид ба омӯзиши минтақаҳои маъданӣ, гиреҳҳо ва майдонҳои қаторкӯҳи Туркистон дар мисоли конҳои тиллои Учкол ва Каттасой (Тоҷикистон) ва зуҳуроти Ойбодом (Ӯзбекистон) корҳои муштарак гузаронида, мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои муштараки илмӣ -тадқиқотӣ дар соҳаи геология дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба имзо расид.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






