Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Саридораи геология: «Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд»
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар 20 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умқи 4-5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Тибқи маълумоти иктишофи геологӣ, дар конҳои Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиону 621 ҳазор тонна нафт ва тақрибан 3 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст»,- гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги нафту газ мебошад. Тавре дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, соли 2019 корхонаҳои нафту газ истеҳсолкунанда дар маҷмӯъ 23 293,3 тонна нафт истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2018 645,7 тонна кам буда, суръати афзоиш 97,3 %-ро ташкил додааст.
Истихроҷи гази табиӣ 730 ҳазор метри мукаабро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018 180 ҳазор метри мукааб кам буда, суръати афзоиш 80,2 %-ро ташкил дод.
Дар нишаст инчунин зикр гардид, ки соли 2019 аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7 ширкат 16 иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин бо мақсади омӯзиши геологӣ дода шуд. Аз ҷумла, ширкати «ТВЕА», «Саноати кӯҳии Душанбе» дар минтақаи «Кумарги боло»-и ноҳияи Айнӣ, ҶДММ «Апрелевка» дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ барои истихроҷи тилло, оҳан ва дигар унсурҳои кимиёвӣ соҳиби иҷозатнома гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои корҳои иктишофӣ ба маблағи 10 455 000,0 сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора соли 2019 ҳамагӣ 22 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ ва 30 ҳисоботи геологӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 44 мавод қарор доштанд, ки нисбат ба соли гузашта 14 мавод зиёд мебошад.
Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда захираҳо бо категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, тарози давлат аз ҳисоби тилло, ангишт, регу шағал, хок, охаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нафт ғанӣ гардид.
Фонди иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ корҳои тартиб додани маълумотномаҳои геологӣ ба дархости 76 ҷамъият ва ширкат, қабули ҳисоботи омории шаклҳои 5-кк ва 6-кк аз ҷониби корхонаҳо -245 адад дар ҳолати 1 январи соли 2018 тартиб додани тавозунҳои давлатии захираҳои 28 намуди канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули ҳисоботи геологии воридшуда -28, ба қайд гирифтани лоиҳаҳои омӯзиши геологӣ -22, бақайдгирии иҷозатномаҳои корхонаҳои истихроҷкунанда-104, бақайдгирии маводи воридотӣ 35 протокол ва пешниҳоди рӯйхати лоиҳаҳою ҳисоботҳо ба иҷро расонида шудааст.
Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ» дар 883 деҳа, шаҳрак, мавзеъ ва кӯчаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шуд. Дар натиҷаи тадқиқоти муҳандисӣ–геологии гузаронида шуда, ба 381 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан тавсия дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






