«IRS»: ЭҲТИЁТ! Бинобар барфрезии сахт ва тармафароӣ ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ гардид

Январь 3, 2020 10:15

ДУШАНБЕ, 03.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи дирӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармафароии зиёд, ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳи мошингарди ДушанбеЧаноқ муваққатан қатъ карда шуд. Айни ҳол бориши барф ва фаромадани тарма дар масири роҳ идома дошта, шурӯъ аз километри 31-ум ҳолати роҳ нигаронкунанда аст. Ҳоло бартарафсозии паёмадҳои тармафароӣ идома дошта, роҳбарияти филиали Ширкат, масъулини Вазорати нақлиёт, раёсати БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа қарор доранд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Бино ба иттилои Далери Абдулло, бориши барф дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҳафтаи гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Дар робита ба ин, кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” фавран тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, имконияти мавҷуда самаранок истифода мешавад.

Ба иттилои  манбаъ, мушкилӣ асосан дар километри 48-73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар он ҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба тоза кардани роҳ шурӯъ карда, онро бо моддаҳои зиддилағжиш коркард менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чаноқ баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад.

Роҳбарияти филиали ширкат таъмини бехатарии шаҳрвандонро аз ҳама болотар дониста, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедоранд.

Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти аз ҷониби филиали ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷоришударо ба эътибор гиранд ва худро эҳтиёт кунанд.

Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми мазкур, ки идомаи мантиқии корҳои амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешавад, бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард,- изҳор дошт сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло.

Баробари кушода шудани роҳ маълумот иловатан пешниҳод мегардад.

Январь 3, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд