Корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ дар МОИ «Данғара» ба фаъолият пурра омода аст

Январь 30, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» феълан пурра барои фаъолият омода буда, интизор меравад, ки он рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба кор оғоз кунад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд. 

«Тибқи нақшаҳо дар ин корхонаи азими коркарди маҳсулоти нафтӣ корҳои сохтмон, озмоиши техникии таҷҳизот ва сохтмони роҳи оҳан пурра ба охир расидаанд. Бо мақсади таъмин намудани корхонаи мазкур бо ашёи хом Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба сармоягузор дар паҳлуи минтақа  боз 20 га замин ҷудо намуд, ки дар он роҳи оҳан то ба самти корхона аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор бунёд карда шуд. Ин пойгоҳ барои боркунӣ ва борфарории нафт мусоидат карда, механизми иловагӣ барои пешрафти кор мебошад. Корхона алҳол зиёда аз 1350 тонна нафтро барои санҷиш ворид карда, дар ҳолати омодабош қарор дорад»,- илова намуд Тоҷиддин Ҷӯразода.

Ба маълумоти номбура, ҳоло сармоягузори корхона барои ворид кардани ҳаҷми калони нафт бо якчанд давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Россия гуфтушунид дорад. То ин ки нафти зарурӣ сари вақт дар ҳаҷми муайяншуда таъмин карда шавад.

Дар айни ҳол беш аз 90 млн доллари америкоӣ ба корхонаи мазкур сармоягузорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ҲЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, 9 октябри соли 2014  зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба тасвиб расид.

Барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда сохтмони корхонаи истеҳсоли нафт бо иқтидори 1,2 млн. тонна дар як сол дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба нақша гирифта шуд. Корхона дар як шабонарӯз метавонад зиёда аз 1000 тонна нафти хомро коркард намояд.

Ба андешаи коршиносони соҳаи иқтисодиёт, дар сурати ба фаъолият шурӯъ намудани ин корхона зиёда аз 800 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда, андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба буҷети давлат равона карда мешаванд. Илова бар ин ширкати мазкур дар оянда метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти сӯзишворӣ таъмин карда, қисми зиёдатии онро ба давлатҳои ҳамсоя содирот намояд.

Январь 30, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд