Корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ дар МОИ «Данғара» ба фаъолият пурра омода аст
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи бузурги коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» феълан пурра барои фаъолият омода буда, интизор меравад, ки он рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба кор оғоз кунад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд.
«Тибқи нақшаҳо дар ин корхонаи азими коркарди маҳсулоти нафтӣ корҳои сохтмон, озмоиши техникии таҷҳизот ва сохтмони роҳи оҳан пурра ба охир расидаанд. Бо мақсади таъмин намудани корхонаи мазкур бо ашёи хом Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба сармоягузор дар паҳлуи минтақа боз 20 га замин ҷудо намуд, ки дар он роҳи оҳан то ба самти корхона аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор бунёд карда шуд. Ин пойгоҳ барои боркунӣ ва борфарории нафт мусоидат карда, механизми иловагӣ барои пешрафти кор мебошад. Корхона алҳол зиёда аз 1350 тонна нафтро барои санҷиш ворид карда, дар ҳолати омодабош қарор дорад»,- илова намуд Тоҷиддин Ҷӯразода.
Ба маълумоти номбура, ҳоло сармоягузори корхона барои ворид кардани ҳаҷми калони нафт бо якчанд давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Россия гуфтушунид дорад. То ин ки нафти зарурӣ сари вақт дар ҳаҷми муайяншуда таъмин карда шавад.
Дар айни ҳол беш аз 90 млн доллари америкоӣ ба корхонаи мазкур сармоягузорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ҲЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида, 9 октябри соли 2014 зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба тасвиб расид.
Барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда сохтмони корхонаи истеҳсоли нафт бо иқтидори 1,2 млн. тонна дар як сол дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба нақша гирифта шуд. Корхона дар як шабонарӯз метавонад зиёда аз 1000 тонна нафти хомро коркард намояд.
Ба андешаи коршиносони соҳаи иқтисодиёт, дар сурати ба фаъолият шурӯъ намудани ин корхона зиёда аз 800 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда, андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба буҷети давлат равона карда мешаванд. Илова бар ин ширкати мазкур дар оянда метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти сӯзишворӣ таъмин карда, қисми зиёдатии онро ба давлатҳои ҳамсоя содирот намояд.








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд






