Муҳаммад Шарифзода барои иштирок дар фестивали сиркии ҷаҳонии Фаронса роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи ҷавони Сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шарифзода барои иштирок дар Фестивали сиркии ҷаҳонӣ, ки соли 2020 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор мегирад, роҳхат гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муҳаммад Шарифзода моҳи ноябри соли 2019 дар Ҷашнвораи умумиҷаҳонии санъати сиркии Халонг-2019, дар вилояти Куангнини Вйетнам иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ҷашнвораи мазкур зиёда аз 100 ҳунарпешаи сирк аз 20 кишвари дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Россия, Лаос, ИМА, Ҷопон ва Украина иштирок доштанд. Муҳаммад Шарифзода бо даъвати доварон ва коршиносони байналмилалии ин ҷаншвора бо сафари ҳунарӣ дар Португалия иштирок намуд. Ӯ тӯли як моҳ дар барномаҳои сиркии португалӣ иштирок карда, санъати сирки тоҷикро ба тамошобин муаррифӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ӯ дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ таҳти унвони «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардида буд, аз байни 76 иштирокчӣ «Танқиди махсуси доварон» -ро ба даст овард. Ҳамчунин ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Федератсияи Россияро низ соҳиб гардид.
Муҳаммад Шарифзода дар жанри эквилибр (мувозинатнигаҳдорӣ) ҳунарнамоӣ мекунад. Эквилибр яке аз жанрҳои санъати сирк ва як навъи дорбозӣ буда, дар он ҳунарманд маҳорати худро дар нигоҳ дошта тавонистани мувозинат дар болои чизи ноустувор болои тор, курсӣ, тӯб, сар, даст ва ғайра намоиш медиҳад.
Ба андешаи устодони ин соҳа санъати эквилибр (мувозинатнигоҳдорӣ) мисли дигар жанрҳои сиркӣ аз бозиҳои халқҳои қадим, бозиҳои ҷашнӣ ва варзиши ба вуҷуд омадааст.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Шарифзода, сиркбози ҷавону умедбахши тоҷик таҳсилкардаи Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Москва мебошад. Ӯ аллакай дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро баланд бардошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






