Мудири шуъбаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Зокирҷон Шарипов: «Вазъи кунунии саломатии Бенямини Илҳом қаноатбахш аст»
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи имрӯзаи саломатии Бенямини Илҳом қаноатбахш аст. Ӯ ҳоло дар беморхона бистарӣ буда, дар ҳолати шифоёбӣ қарор дорад. Ин нуктаро мудири шуъбаи гастроэнтерологияи кӯдаконаи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Зокирҷон Шарипов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.
«Вақте ки Бенямин дар беморхона бистарӣ гардид, аз тарафи гурӯҳи духтурон консилиум (машварати гурӯҳӣ) гузаронида, тартиби табобаташ муайян карда шуд. Пас аз ташхису табобат ва беҳбудӣ ёфтани ҳолати мариз маълум гардид, ки барои табобати Бенямин ба хориҷи мамлакат рафтани ӯ шарт нест ва бемории ӯро дар Тоҷикистон табобат кардан мумкин аст»,-мегӯяд духтури табобаткунандаи Бенямин.
Ҳоло духтурон Фарида Бердиева ва Зокирҷон Шарипов табобати ӯро ба уҳда доранду аз вазъи саломатии ӯ шабонарӯзӣ бохабар мешаванд.
Инчунин Бенямин дар суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки аз табобат дар беморхонаи мазкур қаноатманд буда, худро хуб эҳсос мекунад.
Муаллимаи Бенямини Илҳом Моҳпарӣ Меликова иброз намуд, ки ҳамроҳи талабагонаш ба аёдати шогирдаш рафта, аз ҳоли вай бохабар шуданд. Айни замон ӯ дар беморхона ба табобати пурра фаро гирифта шудааст.
Духтури табобаткунанда Зокирҷон Шарипов дар суҳбат иброз дошт, ки пас аз чанд рӯзи дигари табобат Беняминро аз беморхона ба хонаашон ҷавоб медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 январи соли равон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз суҳбат бо Бенямини Илҳом ва огоҳ шудан аз бемории ӯ ба масъулин супориш доданд, ки ҳамаи имкониятҳоро дарёфта, табобати кӯдаки маризро ройгон ба роҳ монанд.
ДАР АКСИ БОЛО: Бенямини Илҳом









Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






