Нишасти матбуотӣ: Корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» ба коҳиши нархи маҳсулоти сохтмонӣ заминаи мусоид гузошт

Январь 29, 2020 16:35

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябри соли 2019 бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшида шуд, ки он ба коҳиши нархи маҳсулоти сохтмонӣ дар саросари мамлакат заминаи мусоид гузошт. Ин нуктаро имрӯз,  29 январ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба доираи васеи намояндагони ВАО баён намуд.

Ҳамчунин мавсуф зикр кард, ки таҳлили семоҳаи чоруми соли гузашта дар бозори маҳсулоти гандуму орд ва сӯзишворӣ чунин натиҷаро муайян ва исбот намуд, ки субъектҳои хоҷагидор бо пешбурди муҳосиботи дугона ҳаҷми воқеии даромаду хароҷотро пинҳон намуда, бо  ин роҳ арзиши аслии маҳсулотро баланд нишон дода, аз қобилияти дарк накардани истеъмолкунандагон суиистифода менамоянд. Ҳамзамон бо кам нишон додани ҳаҷми воқеии истеҳсолот ба пинҳонсозии сарчашмаҳои андозӣ даст мезананд, ки ҳар ду амал дар ниҳоят барои фиреби истеъмолкунандагон ва давлат равона шудааст.

Инчунин ба саволҳои дигари рӯзноманигорон, аз ҷумла дар бораи  воридоти маҳсулоти хӯрокиву сӯзишворӣ ва болоравии нарх зимни нишаст масъулини ин ниҳод ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

 

Январь 29, 2020 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд