Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» 10 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд.
Ҳамчунин сазовори ҷойи дуюм бо гирифтани 190 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар Ойтилло Тағоева ва сазовори ҷойи сеюм бо гирифтани 185,5 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова гардиданд.
Зимни ҷамъбаст зикр шуд, ки дар таърихи баргузории озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.
Ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.








ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






