Паёми Пешвои миллат- барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшон

Январь 10, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 10.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин нуктаро муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар ҳамоише, ки  9 январ дар иртибот ба баррасии Паёми Пешвои миллат бо ҳузури кормандони Маркази мазкур доир гардид, зикр намуд.

Хуршед Зиёӣ афзуд, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.  Гуфта шуд, ки  дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи мамлакат Паём ироа намудани Сарвари давлат яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва аз рамзҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб мешавад. Ироаи Паёми Пешвои миллат  ба Парлумон ва дар доираи манфиатҳои миллии мамлакат мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, воқеан, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми тоҷик аст.

Мутахассисони ин ниҳоди давлатӣ зимни тавзеҳи нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои гуногуни ин  санади сарнавиштсоз зикр карданд, ки    Паёми Пешвои миллат моҳияти марҳалавӣ ва барномавӣ дошта, бозгӯи марҳалаи рушди устувори ҷумҳурӣ мебошад.

Зикр шуд, ки аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ Паёми Пешвои миллатро метавон ба ҳашт бахш тақсим намуд, ки ҳар яке барои рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Аз ҷумла, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҳафт соли охир ва вазифаҳои нав дар назди Ҳукумати мамлакат, авлавиятҳо ва дурнамои рушди иқтисодиёти мамлакат дар марҳилаи нав, арзёбии дастовардҳои муҳими давлат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди Тоҷикистон, шарҳи самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар марҳалаи нави рушду пешрафт, масъалаҳои таҳкими волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ, арзёбии моҳият ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкидҳо ва ҳидоятҳои ҷамъбастии Пешвои миллат  барои таъмини ояндаи дурахшони мамлакат.

Тавре дар ҳамоиш зикр шуд,  таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.

Таъкид гардид, ки ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Паём ба  Парлумони мамлакат  талош меварзанд ва бо таҳияи маводи таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Январь 10, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»