Пешниҳоди филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» ба кинофестивалҳои ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 2.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ наворбардорӣ шуда, қарор аст имсол бо зернависи забонҳои хориҷӣ ба кинофестивалҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки нахустнамоиши филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» 29 декабри соли сипаригардида дар толори кинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» манзури тамошобинон гардид.
Ба иттилои манбаъ, филми мазкур дар фасли баҳори соли гузашта дар минтақаи Қаратоғ бо коргардонии Носир Раҳмон таҳия шуда, дар он Аҳмадҷон Қутбиддинзода, Фахриддин Саъдиев, Самоҷони Тағойзода ва Фирдавс Ҷалилов нақш офаридаанд.
Мазмуни мухтасари филми мазкур чунин аст, ки чор марди камондор бо нияти шикори саргалаи оҳувон ба парваришгоҳи ҳайвонҳои нодир сафар мекунанд. Аммо Сӯҳроб, ки нигоҳубини он манзараро ба уҳда дорад, садди роҳи онҳо мегардад. Ҳамин тавр шахсони тамаъҷӯй, ки роҳбарашон Мансури ланг аст, бо Сӯҳроб муноқиша мекунанд. Аз як тараф, агар сужаи филм тамошобинро дунболи худ барад, аз сӯйи дигар, зебогии манзараҳои Қаратоғ ҳамагонро мафтун менамояд.
Ногуфта намонад, ки филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол» ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, коргардони он Носир Раҳмон ва наворбардор Шуҳрат Қурбонов мебошанд.
Ба филми мазкур сароянда ва бастакори маъруфи тоҷик Далер Назаров оҳанг бастааст.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






