ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 5 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мегардад.
Устод Мирзо Турсунзода фарзанди бузурги халқи тоҷик буда, ҳамеша дар васфи Ватани азиз ва марзу буми аҷдодӣ шеър мегуфт. Турсунзода шоири ватанпарвар буд, ҳамин аст, ки беҳтарин ашъораш ба Ватан ва мардуми он бахшида шудаанд. Ӯ ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ борҳо ба давлатҳои хориҷӣ сафар карда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир намудааст. Шоир доимо кӯшиш мекард, ки боварии халқу Ватанро ба ҷо орад, дар ҳар кунҷу канори даҳр ҳам, ки бошад, ба Ватан содиқ бошад.
Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокорона дар роҳи пешрафти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни давлатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Шоири маҳбуби тоҷик дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт.
Мирзо Турсунзода мунодии сулҳу дӯстӣ, нависандаи равшанзамир, машъалдори роҳи озодию истиқлол, парчамбардори матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Чеҳраҳои мондагор» навиштаанд, ки «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мо аст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст».
Бояд гуфт, ки устод Мирзо Турсунзода–шоири тавонои тоҷик давоми фаъолият ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда, барои дӯстию рафоқат ва барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи Турсунзода ӯро ҳамчун шахсияти тарғибгар ва паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид.
Тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи муҳим дорад. Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ба мавзуи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъйӣ бахшида шудаанд. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Мирзо Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи давлатҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот дар сайёра гардид.
Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин ҳама корнамоиҳо ва заҳматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода буд, ки ӯ ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардид.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» нигоштаанд, «шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабӣ ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад».
Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Вақте дар Қаратоғ мактаби нав кушода шуд, Мирзо аз ҷумлаи аввалин хонандагони он гардид.
Ӯ солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсилро давом дода, солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии А.С. Пушкини вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-ро роҳбарӣ намудааст.
Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омада, роҳбарии бахши драматургияро ба уҳда дошт. Соли 1939 Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шурои Кумитаи халқи Тоҷикистон таъйин гардид.
Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то соли 1977- то охири ҳаёт дар вазифаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.
Шоири маҳбуби тоҷик 24 сентябри соли 1977 дар Душанбе аз олам даргузашт. Шоирро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супориданд.
АКС аз манбаъҳои боз








25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҷлили рӯзи ҷаҳонии футбол
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид






