Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Султони Умон сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодатмандӣ ва дар иҷрои ваколатҳоятон дар ин маснади олӣ комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсту бародари Салтанати Умон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсати нек изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Умон бар манфиатҳои мардумонамон минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Мо ҳамеша алоқаманди таҳкими ин раванд ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Зимнан омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъдаи муштарак дар ин ҷода, аз ҷумла тавассути фаъол гардонидани тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо, иброз медорам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






